Бухоро пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом шуд

CC BY-SA 2.0 / Fulvio Spada / Poi Kalon Ensemble, BukharaАнсамбль Пои-Калон. Город Бухара
Ансамбль Пои-Калон. Город Бухара - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бухоро яке аз куҳаншаҳрҳои тоҷикон аст ва дар гузашта яке аз қутбҳои тамаддуни эронӣ-исломӣ буд, аммо дар паи табартақсими Мовароуннаҳр ба дасти Шуравӣ ба Узбакистон вогузор шуд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Созмони ҳамкориҳои исломӣ шаҳри Бухороро пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2020 эълом кард.

Ба иттилоъи Идораи динии мусулмонони Узбакистон, ин тасмим дар нӯҳумин ҷаласаи солонаи вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ гирифта шудааст.

"Пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2020 шудани Бухоро арзёбӣ аз саҳми беандоза бузурги ин шаҳр ва уламои он дар густариши тамаддуни исломӣ аст", — гуфта мешавад дар иттилоъияи Идораи динии мусулмонони Узбакистон.

Ҳамзамон бо Бухоро шаҳрҳои Қоҳира – пойтахти Миср, ва Бамако – пойтахти Малӣ, низ пойтахтҳои фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2020 шинохта шудаанд.

Яке аз хешкориҳои пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом ин аст, ки дар ҳамоиши вазирони фарҳанги кишварҳои исломӣ баргузор мешавад, ки ду сол дар миён дар яке аз ингуна шаҳрҳо сурат мегирад. Ҳамчунин дар муддате, ки шаҳр пойтахти фарҳангӣ мешавад, дар он барномаҳои умронӣ ва фарҳангии бисёре иҷро мешавад.

Соли 2007 яке аз пойтахтҳои фарҳангии ҷаҳони ислом Тошканд буд.

Бухоро яке аз куҳаншаҳрҳои тоҷикон аст ва дар гузашта яке аз қутбҳои тамаддуни эронӣ-исломӣ буд, аммо дар паи табартақсими Мовароуннаҳр ба дасти Шуравӣ ба Узбакистон дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0