Покистон аз ҳамкориҳои дифоъӣ ва иттилоъотӣ бо Амрико даст кашид

CC BY-SA 3.0 / Wikimedia / Министр обороны Пакистана Khurram Dastgir Khan
Министр обороны Пакистана Khurram Dastgir Khan - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Покистон дар паи танишҳо дар равобити Исломобод ва Вашингтон расман ҳамкориҳои дифоъӣ ва иттилоъотии худ бо Амрикоро боз истонид

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Вазири дифоъи Покистон Хуррам Дастгирхон расман эълом кард, ки ҳамкориҳои дифоъии Исломобод бо Вашингтон боз истонда шудаанд.

Вай афзуд, ки ҳамкориҳои ду кишвар на танҳо дар бахши дифоъӣ, балки дар бахши иттилоъотӣ низ боз истонида шудаанд.

Дастгирхон мушаххас накард, ки Исломобод кай ҳамкориҳои дифоъӣ ва иттилоъотиро бо Вашингтон аз сар хоҳад гирифт.

Аммо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то кунун ба ин тасмими давлати Покистон вокунише накардааст.

Равобити Покистон ва Амрико пас аз эъломи роҳбурди раисҷумҳур Трамп барои кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Афғонистон тира шудаанд. Раисҷумҳури Амрико ҳангоми эъломи роҳбурди Вашингтон барои Афғонистон аз Покистон ҳам ёд кард ва онро муттаҳам ба пуштибонӣ аз теруризм карду аз Исломобод хост то ҳарчи зудтар пойгоҳҳои гурӯҳҳои теруристиро аз сарзамини худ пок кунад.

Афзун бар ин, Вашингтон чанде пеш расман аз додани 225 милюн дулор кумаки молӣ ба Покистон даст кашид, ки вокуниши тунди Исломободро дар пай дошт.

Лентаи хабарҳо
0