ВУД: зани 21-солаи душанбегӣ манзилашро ба фоҳишахона табдил дод

© AFP 2023 / THOMAS SAMSONЖенщина, занимающая проституцией, у дороги. Архивное фото
Женщина, занимающая проституцией, у дороги. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хонаи истиқоматии ҷавонзан дар кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, гумонбаршуда чанд маротиба ба ивази пул онро ба фоҳишахона табдил додааст

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, кормандони милиса дар шаҳри Душанбе зани 21-солаеро ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт кардаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, гумонбаршуда, 9-уми январи соли 2018, тахминан соати 18:00-дақиқа, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 24-солаи сокини шаҳри Ҳисор ва зани 26-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150-сомонӣ гирифтааст.

Афзун бар ин, ҷавонзан рӯзи 6-уми декабри соли 2017, тахминан соати 12:00-дақиқа, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе ва зани 26-солаи сокини Қӯрғонтеппа барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150-сомонӣ гирифтааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0