ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон субҳи имрӯз заминларза ба қайд гирифта шуд.
Дар ин бора Фарҳангистони улуми Қазоқистон хабар додааст.
Ба итттилоъи манбаъ, заминларза рӯзи 9 январ соати 06:05 дар масофаи 605 километрии Алмаато ба амал омадааст.
"Маркази заминларза дар масофаи 605-километрӣ дар ҷанубу шарқи шаҳри Алмаато дар минтақаи Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Замин бо қувваи 5.0. балл ларзиду маркази он дар чуқурии 5 километрӣ ҷойгир шудааст",-омадааст дар хабарнома.
Ёдоварӣ мекунем, ки моҳи декабр низ дар Тоҷикистон замин ларзида буд.
Он замон маркази заминларза дар километри 11-уми самти ноҳияи Восеъ воқеъ буд.
Қувваи заминларза дар марказ 4,5 баллро ташкил намуда, он дар чуқурии 47 километр ба амал омадааст.