ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Вакили дифоъи раисҷумҳури пешини Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, Адел Ҳайдарӣ хабари боздошти ӯро рад кардааст. Дар ин бора торномаи хабарии Erem news навиштааст.
Ҳайдарӣ гуфтааст, ки ин хабар воқеъият надорад. Ҳукумати расмии Теҳрон бошад то ин дам боздошти Аҳмадинажодро на таъйид ва на рад накардааст.
Ёдоварӣ мекунем, ки ҳукумати Эрон барои пуштибонӣ аз тазоҳуротгарон раисҷумҳури пешини Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро дастгир кардаанд. Дар ин бора нашриёти арабии Al-Quds Al-Arabi бо такя ба манобеъи худ дар Эрон хабар медиҳад.
"Маҳдуми Аҳмадинажодро ҳангоми боздид аз шаҳри Шероз боздошт кардаанд. Дастгиркунии раисҷумҳури пешин бо розигии раҳбари Эрон Алӣ Хоманаӣ сурат гирифтааст", —навиштааст манбаъ.
Қарори боздошти раисҷумҳури пешин пас аз суханронии Аҳмадинажод дар шаҳри Бушер дар ҷануби кишвар қабул шудааст.
Суханронии ӯ чун дастгирии тазоҳурот баҳогузорӣ шудааст.
Аҳмадинажод ҳангоми суханронӣ дар назди мардуми шаҳри Бушер фаъолияти ҳукумати кунунӣ ва раисҷумҳур Ҳасан Руҳониро танқид карда онҳоро ба аз худкунии бойгарии иҷтимоӣ, идоракунии носозгор ва дуршавӣ аз мушкилоти халқ айбдор кардааст.
Ёдоварӣ мекунем, ки Аҳмадинажод аз соли 2005 то 2013 раисҷумҳури Эрон буд.