Дар пайи сӯхтор дар Ню-Йорк чаҳордаҳ кас осеб диданд

CC0 / Pixabay / Пожарные тушат огонь, архивное фото
Пожарные тушат огонь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сӯхтор дар бинои шашошёна аз қабати дуввум сар шуд ва дар муддати кӯтоҳ дар тамоми бино паҳн гашт

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар натиҷаи сӯхтор дар яке аз сохтмонҳои Манхэттен 14 тан осеб диданд, хабар медиҳад РИА Новости.

"Бино бар хабарҳои охир дар пайи сӯхтор 14 тан ҷароҳатҳои миёна бардоштанд. Ҳоло осебҳои хатарнок ба қайд гирифта нашудаанд",- омадааст дар хабар.

Бино бар иттилои хабаргузории New York Post, сӯхтор дар бинои шашошёна аз қабати дуввум сар зада, дар муддати кӯтоҳ дар тамоми бино паҳн гаштааст.

Лентаи хабарҳо
0