ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз қочоқбарон 27,3 килуграм ҳеруин, 455,6 килуграм афюн, 865,7 килуграм ҳашиш, 386,8 килуграм бангдона ва 4,9 килгурам метамфетаминро ситондаанд.
Ин додаҳо дар ҷаласаи натиҷагирӣ аз амалкарди солонаи Нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон оварда шудаанд. Дар ин ҷаласа раиси КДАМ ҶТ Саймуъмин Ятимов, фармондеҳи Нерӯҳои марзбонӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовинҳо ва сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ ва минтақаӣ, сардорони подгонҳои марзӣ ва ягонҳои Нерӯҳои марзбонӣ ширкат карданд.
"Нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ дар соли 2017 ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои амниятӣ 74 амалиётҳои вижа, аз ҷумла 10 амалиётро ҷудогона, 46 амалиёт бо нерӯҳои КДАМ ҶТ ва 18 амалиёт бо дигар сохторҳо ва ниҳодҳои низомӣ ва интизомӣ баргузор кардаанд", — гузориш дод Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Идораи Нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ.
Вай афзуд, ки дар соли 2017 Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 31 бор бо қочоқбарон задухӯрд карда ва 18 тан аз онҳоро нобуд ва 20 касро боздошт карда ва 1,7 тонна маводи мухаддирро аз гардиши ғайриқонунӣ хориҷ кардаанд.
Ҳамчунин аз қочоқбарон 25 мил силоҳи оташфишони гуногун, 605 дона тир, 9 дона норинҷаки дастӣ ва 40 даст муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст.
Дар соли 2016 Нерӯҳои марзбонӣ 27 бор бо қочоқбарон задухӯрд карда, ки дар онҳо 14 қочоқбари мусаллаҳ кушта ва 18 кас дастгир шуда буд.