Сухангӯи пешини раисҷумҳур вазифаи нав гирифт

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПортфель
Портфель - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Асадҷон Хоҷаев дар вазифаи сухангӯи раисҷумҳур аз моҳи март то августи соли 2017 хизмат кардааст

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Сухангӯи пешини раисҷумҳури Узбакистон Асадҷон Хоҷаев муовини аввали раҳбари маҷмаъаи ба номи Ислом Каримов таъйин шудааст.

Дар ин бора хабарнигори Sputnik Узбакистон хабар додааст.  

Асадҷон Хоҷаев фориғуттаҳсили Донишкадаи энержии Тошканд буда, соли 2011 Академияи давлатии сохтмони назди раисҷумҳури Узбакистонро хатм кардааст. Ихтисосаш-муҳандиси энержӣ ва магистри бахши иқтисод.

Солҳои 1995-2001 дар Вазорати алоқа, дастгоҳи марказии Оҷонсии почта ва телекамуникатсия "Узинфоком" фаъолият кардааст.

Баъдтар дар симатҳои мушовири дастгоҳи Шӯрои амнияти миллии назди раисҷумҳур, аз соли 2011 то 2012 Ожонсии моликияти зеҳниро раҳбарӣ карда, аз соли 2012 то 2017 мудири китобхонаи милллии Узбакистон ба номи Алишр Навоӣ фаъолият кардааст.

Асадҷон Хоҷаев дар вазифаи сухангӯи раисҷумҳур аз моҳи март то августи соли 2017 хизмат кардааст.

Лентаи хабарҳо
0