Раисҷумҳур ба феҳристи даҳ раҳбари таъсиргузор ворид шуд

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев, архивное фото
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, ба даҳгонаи раҳбароне ворид шудааст, ки имкони тағйир додани вазъи сиёсии кишвари худ ва минтақаву ҷаҳонро доранд

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Нашриёти бонуфузи Туркия феҳристи даҳ раҳбари таъсиргузори ҷаҳонро омода кардааст, ки миёни онҳо Шавкат Мирзиёев ҳам номбар шудааст.

Дар ин бора Sputnik Узбакистон хабар медиҳад.

Чуноне коршиносони Derin Ekonomi менависанд, Шавкат Мирзиёев ислоҳоти марбут ба озодии кулл, тақвияти фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва озодии диниро мегузаронад.

Коршиносони ин нариёт бар онанд, ки тағйирот дар зиндагии сиёсию иҷтимоии Узбакистон даст медиҳад то ба кишвар сармоягузории хориҷӣ ҷалб шавад.

Ин нашрия яке аз қадамҳои муҳими Шавкат Мирзиёевро дар тӯли беш аз як соли раҳбарияш ба роҳ мондани муносибати хуб бо кишварҳо, бахусус, ҳамсояҳо донистааст. 

Лентаи хабарҳо
0