ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Дар бораи окор шудани ҳолати куштор равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Ба иттилоъи манбаъ, марди 26-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.
Ҳодисаи куштор ду рӯз қабл аз Соли нав 28-уми декабр ба вуқӯъ пайвастааст.
Гуфта мешавад, ки ҷавони 26-сола рӯзи 28-уми декабр тахминан соати 23:10, дар ҳолати мастӣ ба хонаи марди 59-солаи сокини шаҳри Истаравшан рафта, дар паи муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 2-маротиба ба қисмати дил ва шиками ӯ зада, фирор намудааст.
"Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", — омадааст дар хабарнома.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе ҷавони 24-сола духтари 22-соларо дуздидааст. Ин ҳодиса рӯзи 27-декабр рух додааст.
Рӯзи 27-уми декабри соли 2017, шахси номаълум худсарона ба хонаи марди 52-сола ворид шуда, духтари 22-солаашро маҷбуран гирифта, ба самти номаълум ғайб задааст.
Зимни баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солаи сокини кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе бо гумони одамрабоӣ дастгир шудааст.
Манбаъ меафзояд, ки нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.