Вакил: сафорати Қирғизистон аз Душанбе ба Хуҷанд кӯчонида шавад

© © Sputnik / Табылды КадырбековКыргызский депутат Таабалды Тиллаев, архивное фото
Кыргызский депутат Таабалды Тиллаев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қайд мешавад, ки намояндаи ҳукумат дар Жогорку Кенеш ин даъвати вакилро бе ҷавоб боқӣ гузоштааст

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik.  Вакили порлумони Қирғизистон Таабалдӣ Тиллоев,  пешниҳод карда ки сафорати кишвараш дар Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе ба Хуҷанд кӯчонида шавад.   

"Фаъолияти дуҷонибаи Қирғизистону Тоҷикистон аслан дар шаҳри Хуҷанд сурат мегирад, аммо он ҷо мо намояндагӣ надорем", — гуфтааст вакил.

Қайд мешавад, ки намояндаи ҳукумат дар Жогорку Кенеш ин даъвати вакилро бе ҷавоб боқӣ гузоштааст.

Тиллоев ҳамзамон пешниҳод карда ки фаъолияти сафоратҳои Қирғизистон аз ҷумла ҷалби сармоягузорӣ моҳи феврал дар порлумон муҳокима шавад.

"Мо дар хориҷ 38 намояндагӣ дорем. Вале натиҷаи фаъолияти онҳоро эҳсос намекунем. Мешавад, моҳи феврал ин масъаларо дар порлумон ба муҳокима гузорем ва вазири корҳои хориҷӣ дар мавриди ҳар кадом сафорат гузориш диҳад. Давлат миллионҳо сомро барои фаъолияти онҳо харҷ мекунад. Ба назари ман, кормандони бархе аз сафоратхонаҳо маош мехӯранду хушҳоланд, ки дар чунин мақоме фаъолият доранд. Танҳо чанде аз сафоратхонаҳо ба ҷалби сармоя машғул ҳастанд, вале аксарият корашонро дуруст анҷом намедиҳанд", — гуфтааст Тиллоев.

Лентаи хабарҳо
0