ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии шаҳрдорӣ хабар медиҳад.
Ба иттилоъи манбаъ, ин иншоот бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати шаҳрвандон, меҳмонон ва сокинони пойтахт бунёд мегардад.
Гуфта мешавад, сохтмони боғи мазкур пурра аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағгузорӣ шуда, макони сохтмони он дар майдони 14 гектари назди бинои Шӯрои уламои Тоҷикистон воқеъ мебошад.
"Дар қаламрави боғ аз ҷумла сохтмони 21 айвони суҳбату муошират, ду қаҳвахона, як майдони варзишӣ, як картодром, гулгашту фаввораҳо ва ғайра дар назар аст",-омадааст дар қарор.
Пештар хабар дода шуд, ки шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ба таври расмӣ пули роҳи оҳан, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозиро, ки чаҳор ноҳияи пойтахтро ба ҳам мепайвандад, ба баҳрабардорӣ расонд.