Эрон аз дахолати Амрико дар умури дохилиаш ба СММ шикоят кард

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкГенеральный секретарь Организации Объединённых Наций (ООН) Антониу Гутерреш, архивное фото
Генеральный секретарь Организации Объединённых Наций (ООН) Антониу Гутерреш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид аз дахолати Амрико дар умури дохилии Эрон ба СММ номаи эътирозӣ навиштааст

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар СММ Ғуломалӣ Хушрӯ ба номи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш аз дахолати Амрико дар умури дохилии Эрон эътирознома навишт, хабар медиҳад "Парстудэй".

Бино бар иттилои манбаъ, Ғуломалӣ Хушрӯ дар ин нома ишора кардааст, Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ва Майк Пенс, муовини вай дар рӯзҳои ахир борҳо дар Твиттер эрониёнро ба иқдомоти харобкорона таҳрик кардаанд, ки ин иқдомоти мудохилаҷӯёна дар таноқуз бо қоидаҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилал ва бар хилофи усул ва аҳдофи маншури СММ аст.

"Вай бо таъкид бар ин ки Амрико ҳамвора ба думболи барҳам задани раванди оддии ҳаёти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Эрон будааст, изҳор дошт, амал накардани Амрико ба тааҳҳудоташ дар қиболи БарҶом аз тариқи таҳмили таҳримҳои ғайриқонунӣ алайҳи Эрон ва мамониат аз вуруди шаҳрвандони эронӣ ба хоки Амрико танҳо гӯшае аз иқдомоти хасмонаи Амрико алайҳи миллати бузурги Эрон аст",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем, Вазорати умури хориҷаи Эрон пас аз як изҳороти раисҷумҳури Амрико дар Твиттер,ки мегуфт тазоҳуротгарони эрониро дастгирӣ мекунад, ба Трамп ҳушдор дода буд. 

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ба Трамп тавсия кард, "ба ҷойи дахолат дар умури дигар кишварҳогуфтору кирдори некро сарлавҳаи кор худ қарор диҳад".

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0