ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Тибқи иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борону барф пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-1 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз, 4 январ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 1-4 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 19-24 ва шабона 6-11 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда гашта, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3-2 дараҷа сард ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ пешбинӣ шуда, боридани борон дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2 дараҷа хунук ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, ин гуна вазъи ҳаво то охири ҳафтаи равон идома хоҳад ёфт.