ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон озмуни "Омӯзгори сол-2017" ҷамъбаст шуд, хабар медиҳад Вазорати маорифи ҶТ.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин озмун панҷ довталаб, ки аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат буданд, аз рӯйи 7 шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
"Тибқи хулосаи аъзои ҳайат омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раъно Икромоваро бо 1150 хол "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017" эълон кард",-омадааст дар иттилоия.
Манбаъ меафзояд, ба омӯзгори сол туҳфа ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ супорида шуд.
Ҳамчунин, тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раъно Икромова бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонда шуд.