Як сокини Мурғоб бо 32 грамм сангҳои қимматбаҳо дастгир шуд

© Sputnik / Владимир Минкевич / Гузариш ба медиабонкДрагоценные камни, архивное фото
Драгоценные камни, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гумонбаршуда бо 13 адад санги Ёқут ва Кварс дастгир шуд, ки савдои он дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълом шудааст

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Милиса дар ноҳияи Мурғоб мардеро бо 32 грамм сангҳои қимматбаҳо дастгир кардааст. Дар ин бора дафтари матбуотии ВУД Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини ноҳияи Мурғоб, корманди Муассисаи назорати давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳои табиӣ дастгир карда шуд. 

Гуфта мешавад, дар вақти азназаргузаронии ҳавлии истиқоматиаш 13-адад сангҳои қиматбаҳои "Ёқут" ва 1-адад санги "Кварс", ба миқдори умумӣ 32 грамму 49 милиграмм дарёфт ва мусодира карда шуд.

Бо далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0