ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Тавре Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ додааст, китоби мазкур бо дастгирии раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ нашр шудааст.
Ҷилдҳои якум ва дуюми маҷмӯа фарогири мунтахаби шеъру достон ва манзумаҳои муаллиф мебошанд. Ҷилдҳои сеюм ва чорум таҳқиқҳо ва мақолаҳои илмии Аскар Ҳакимро дар бар мегиранд, ки барои адабиётшиносон бисёр муфиданд.
Дар ҷилди панҷуми мунтахаб мақола, портрет ва мусоҳибаҳои муаллиф гирдоварӣ шудаанд. Дар ин ҷилд хонанда метавонад бо рӯзгору осор ва мавқеи адибон Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва дигарон шинос шавад.
Тарҷумаи "Мазҳакаи илоҳӣ"-и Данте, шеърҳои Лермонтов, Расул Ғамзатов ва дигар осори назмиву насрии адабиёти ҷаҳон, ки ба қалами Аскар Ҳаким тааллуқ доранд, дар ҷилди шашуми мунтахаб гирдоварӣ шудаанд.
Ҷилди ҳафтуми китоб "Гуфтор дар бораи худ" ном дошта, хотироти муаллиф ва силсилаи мақолаҳои муҳаққиқонро доир ба рӯзгор ва осори Аскар Ҳаким фаро гирифтааст.