ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ҶТ дар истинод ба Ожонси ҳавошиносии кишвар ҳушдор додааст, ки имрӯз дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд шиддат ёфтани вазиши бод дар назар аст.
КҲФ аз сокинон ва меҳмонони вилоят хоҳиш мекунад, ки дар ин вазъи боду ҳаво эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.
"Аз роҳгардӣ дар зери тахтаҳои таблиғотӣ ва дарахтон худдорӣ кунед",- таъкид мекунад кумита.
Ёдрас мешавем, пештар шаби 26 ба 27 декабр дар Хуҷанд ва чанд ноҳияи дигар атрофи он тундбод рух дод. Дар натиҷаи тундбод як қатор иншоотҳо хароб ва дарахтон решакан шуданд.