Навори паёми раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати Соли нав

Обуна шудан
Дар соле, ки фаро расида истодааст, ба хонадони ҳар яки шумо фазои орому осуда, рӯзгори обод ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям, мегӯяд кишвардори Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии соли нави 2018 муборакбод гуфт. 

"Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям",-омадааст дар табрикоти раисҷуҳур.

Дар соле, ки фаро расида истодааст, ба хонадони ҳар яки шумо фазои орому осуда, рӯзгори обод ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям. Умедворам, ки соли нав барои халқи сарбаланди тоҷик соли бобарор ва марҳалаи навбатии вусъати амалҳои созандаву ободкориҳо гардида, мақсаду маром ва орзуву ниятҳои некамон амалӣ мешаванд, афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Лентаи хабарҳо
0