Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Эрон дар Тоҷикистон мулоқот кард

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПервое совещание спикеров парламентов стран Евразии
Первое совещание спикеров парламентов стран Евразии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар бораи густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

ДУШАНБЕ, 01 янв — Sputnik.Ба гузориши хабаргузории "Парстудэй", Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар дидор бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони ин кишвар бо ишора ба сафари ахири вазири умури хориҷаи Эрон ба Тоҷикистон ва баргузории Комиссияи муштараки иқтисодии ду кишвар дар шаҳри Душанбе, гуфт, муносиботи Эрон ва Тоҷикистон рӯ ба густариш аст.

Фағонӣ бо таъкид бар афзоиши сафарҳои мақомҳои парлумонӣ ва гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ миёни ду кишвар, омодагии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои ироаи таҷрибиёт ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм эълом кард.

Зуҳуров низ бо ёдоварии иштирокоти фарҳангӣ, забонӣ ва тамаддунии миллатҳои Эрон ва Тоҷикистон, аз ҳимоятҳои Эрон дар барқарории сулҳ дар Тоҷикистон пас аз ҷанги дохилии ин кишвар дар даҳаи 1990, қадрдонӣ кард.

Зуҳуров ҳамчунин бар омодагии кишвараш барои тақвияти ҳамкории дуҷониба бо Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф, эъломи омодагӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0