Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон дар Соли нав чӣ таманно кард?

© Пресс-служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар соле, ки фаро расида истодааст, ба хонадони ҳар яки шумо фазои орому осуда, рӯзгори обод ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям, мегӯяд кишвардори Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 01 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии соли нави 2018 муборакбод гуфт. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.

"Тибқи солшумории мелодӣ соли 2017 сипарӣ шуда, соли нави 2018 фаро мерасад. Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям",-омадааст дар табрикоти раисҷуҳур.

Дар соле, ки фаро расида истодааст, ба хонадони ҳар яки шумо фазои орому осуда, рӯзгори обод ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям. Умедворам, ки соли нав барои халқи сарбаланди тоҷик соли бобарор ва марҳалаи навбатии вусъати амалҳои созандаву ободкориҳо гардида, мақсаду маром ва орзуву ниятҳои некамон амалӣ мешаванд, афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҳамин ҳол кишвардор аз соли сипаришудаи 2017 ёдовар шуда, аз соли ҷавонон эълоом шудани соли гузашта ва  нақши ҷавонон дар пешрафти ҷомеа ёдрас мекунад.

"Бо дарназардошти нақш ва ҷойгоҳи хоссаи ҷавонони кишвар, ки сарнавишти ояндаи миллату давлатамон ба уҳдаи онҳо вогузор карда мешавад, соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда шуд, ки ин иқдом боиси боз ҳам афзудани дастовардҳои ҷавонони бонангу номуси мо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву варзишӣ гардид",- қайд кардааст раисҷумҳур.

Дар анҷом кишвардор тамоми мардуми Тоҷикистонро бо Соли нав табрик гуфтааст:

— Орзумандам, ки соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон соли суботу оромӣ, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои боз ҳам бештар гардида, ҳамаи нақшаву ниятҳои неки онҳо бо заҳмати ватандӯстонаи ҳар як фарди Ватан ва азму талоши созандаи мардуми шарафмандамон амалӣ шаванд.

Бори дигар фарорасии соли нави мелодиро барои ҳамаи ҳамватанони азиз табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон суботу оромии ҷовидона орзу менамоям.

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Лентаи хабарҳо
0