Ораз Олимшо тоҷикони Русияро бо овози ҷаззобаш тасхир кард

© Одиноков Евгений ЮрьевичКонсерти Ораз Олимшо дар Маскав
Консерти Ораз Олимшо дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази фарҳангии "Вдохновение" ба муносибати Соли нав бо арчаи бузурги солинавӣ оро ёфта буд. Аз даромадгоҳ маълум буд, ки омодагӣ ба консерти Ораз Олимшо ҷиддӣ аст, ҳатто кормандони ин марказ, ки рустабор менамуданд ба сар тоқиҳои сурхи помирӣ гузошта буданд

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Дирӯз, Ораз Олимшо беш аз се соат бо овози зинда дар маркази фарҳангии "Вдохновение" тамоми ғаму ғуссаи тоҷикони Маскавро бадар карду барои пешвози Соли нави 2018 ба онҳо рӯҳу ҷони тоза бахшид.

Аз дари даромадгоҳ духтарони хушқаду қомати зебо бо мӯйҳои чун шаб сиёҳ ва тоқиҳои сурхи гулгун меҳмононро пешвоз мегирифтанду бо лабханду кордонӣ онҳоро ҷобаҷо мекарданд. Ҳатто кормандони ин марказ, ки рустабор менамуданд ба сар тоқиҳои помирӣ гузошта буданд.

Қарор буд, ки консерт соати 18:00 оғоз шавад. Вале дар вақти муқарраршуда, толор ҳанӯз аз тамошобинон пур набуд. Мардуми тоҷик то ҳол дар вақти муқарраршуда ҳозир шуданро наомӯхтаанд. Кормандони толори консертӣ се бор занги оғози консерт заданду тамошобинонро ба толор даъват карданд. 

Тамошобинон гурӯҳ-гурӯҳ ба толор ворид мешуданду нахуст ба якдигар ва сипас ба гирду атроф ва саҳна назар мекарданд.

Консерт ҳам пас аз 20 дақиқа оғоз шуду муҷрии барнома Аслишо Акимбеков нахуст меҳмононро хушомадед гуфту ҳамагонро бо Соли нави мелодӣ ва  "Ҷашни алмосӣ" табрик кард.

Ӯ гуфт, ки имрӯз ба консерт мардуме омадааст, ки дар воқеъ мухлиси ҳунари асил аст. Ва консерти имрӯза ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда  баргузор шуду дар хотири тамошобинон дер боз хоҳад монд.

"Дар воқеъ мушкилиҳо буданд. Нахуст ин, ки мардум аз нархи чипта норозигӣ мекарданд ва мегуфтанд, ки он гарон аст. Одамоне ҳам пйдо шуданд, ки дар интернет хабарҳои бардурӯғ паҳн карданд, ки гӯё Ораз намеояд. Вале чуноне мебинед имрӯз дар консерти мо беш аз 700 тамошобин ҷамъ омад", — гуфт Аслишо Акимбеков муҷрии барномаи консертӣ ва раҳбари Кумитаи фарҳанги созмони "Нур" дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

© Фото : Одиноков Евгений ЮрьевичТамошобинон дар консерти Ораз Олимшо
Тамошобинон дар консерти Ораз Олимшо - Sputnik Тоҷикистон
Тамошобинон дар консерти Ораз Олимшо

Вале фикр мекунам консерти Оразро дирӯз на 700 кас балки чандин ҳазор нафар тамошо кард, зеро бештари тамошобинон тариқи саҳифаҳои иҷтимоӣ ҳунарнамоии Оразро тариқи пахши мустақим намоиш медоданду бархе онро ба навор гирифтаву ба дӯстону пайвандон мефиристоданд.

Дар воқеъ як оҳанг ва суруде то навишта шудану оҳанг бастан ва сароидану ба гӯши шунавандагон расиданаш, заҳмати бузургеро металабад. Ва ҳунарро бояд қадр кард. 

Оразро тамошобинон бо кафкӯбиҳои пурмавҷ пешвоз гирифтанд. Ӯ нахуст тоҷикони муқими Маскавро ба консерташ хушомадед гуфт.

"Ростӣ интизор набудам, ки ин қадар мардуми зиёд ба консерт меояд. Аз ҳузуратон беҳад шодам. Бигузор дар соли нав ҳам, мардуми мо доим сарҷамъ ва тифоқ бошад", — гуфт Ораз.

© Фото : Одиноков Евгений ЮрьевичОраз Олимшо
Ораз Олимшо - Sputnik Тоҷикистон
Ораз Олимшо

Ӯ ҳунарнамоияшро бо суруди ҷадид "Салом", ки махсусан барои консерти Маскав омода шудааст, оғоз кард. Пас аз сурудани ду се оҳанги ором Ораз ба сурудҳои шӯх гузашту дар як чашм ба ҳам задан бисёре аз тамошобинон аз ҷойҳояшон бархостанду ба рақс даромаданд. Ҳатто чунин ҳам шуд, ки нафаре аз қатори боло аз ҷой бархосту раққоси дигаре аз қатори поён ба ҳамдигар нигариставу даст меҷунбониданд. Умуман мардуми раққос дар ҳама ҷо макони рақсро худ муҳайё мекунад. Чунин менамуд, ки инҷо на консерт, балки як ҷашни бузурги хонаводагӣ бошад.

© Фото : Одиноков Евгений ЮрьевичДар консерти Ораз Олимшо
Дар консерти Ораз Олимшо - Sputnik Тоҷикистон
Дар консерти Ораз Олимшо

Ораз Олимшо дар баробари сурудҳои "Бахех ке ҷони ширин мурд", (Бубахшам ҷони ширин), "Мате то", (Ту нарав), "Азум ҳайрон та ҷат", (Ҳайрони туям),  "Лалаяк", ки миёни мардуми Бадахшон ҳаводорони зиёде дорад,  сурудҳои нав-"Тут дил дарун ягона", (Ту ягонаӣ),  "Помир санамен" (Санамҳои Помир), "Бадахшон татиюм даргил" (Бадахшон пазмонат ҳастам), "Ҳаво тира гумон нур зайти борон" (Ҳаво имрӯз тира аст)-ро пешкаши мухлисон кард. 

Ҳар як суруди Ораз аз ҷониби мухлисон бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол мешуд. Тамошобинон ҳунари овозхони ҷавонро бо гулдастаҳо қадр мекарданд.

© Фото : Одиноков Евгений ЮрьевичКонсерти Ораз Олимшо дар Маскав
Консерти Ораз Олимшо дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Консерти Ораз Олимшо дар Маскав

Ораз худро дар саҳна бисёр озод эҳсос мекард. Бо тамошобинон суҳбат мекард ва мӯҳтавои ҳар сурудро мефаҳмонду онҳоро ба рақс даъват менамуд. Боре ҳам аз тамошобинон даъват кард, ки суруди "Бахих ке ҷони ширин морд"-ро бо ӯ ҳамовозӣ кунанд. Ва дар воқеъ овозҳо ҷур шуданд.

"Ман дер боз омадани Оразро ба Русия интизор будам. Ӯ ҷавон аст, вале овозаш бисёр пурқуввату ҷаззоб аст. Ба хотири консерти ӯ ман аз Петербург ба Маскав омадам", — гуфт мухлиси воқеъии Ораз дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Дар баробари Ораз дар саҳна овозхонони Бадахшон-Шодибек,  Азизбеки Худоёр ва ансамбли рақсӣ ҳам ҳунарнамоӣ карданд.

© Фото : Одиноков Евгений ЮрьевичРақси помирӣ дар консерти Ораз Олимшо
Рақси помирӣ дар консерти Ораз Олимшо - Sputnik Тоҷикистон
1/2
Рақси помирӣ дар консерти Ораз Олимшо
© Фото : Одиноков Евгений ЮрьевичАзизбеки Худоёр дар консерти Ораз Олимшо
Азизбеки Худоёр дар консерти Ораз Олимшо - Sputnik Тоҷикистон
2/2
Азизбеки Худоёр дар консерти Ораз Олимшо
1/2
Рақси помирӣ дар консерти Ораз Олимшо
2/2
Азизбеки Худоёр дар консерти Ораз Олимшо
 

Ногуфта намонад, ки дар консерт на фақат тоҷикони муқими Маскав, балки дигар шаҳрҳои бузурги Русия аз қабили Санкт-Петербург, Қазон, Твер, Екатеринбург, Омск, Пенза ва дигар шаҳрҳо ҳузур доштанд. Консерти Ораз Олимшоро дар Маскав созмони "Нур" баргузор кард.

Ораз дар давоми се соат бо овози зинда тамоми ғаму ғуссаи соли 2017-ро аз дили муҳоҷирони тоҷик берун карду ба онҳо барои пешвози соли 2018 рӯҳу ҷони тоза бахшид.

Консерт ба итмом расиду мухлисони Ораз дар гирди ӯ ҷамъ шуда аксбардорӣ мекарданд ва хоҳиш менамуданд, ки боз ба Маскав биёяду барояшон ҳунарнамоӣ кунад.

Лентаи хабарҳо
0