Дар ҷашни Соли нав ба куҷо меравем?

© Sputnik / Амир ИсаевЁлка у цирка, архивное фото
Ёлка у цирка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рӯзи ид аз барномаҳои консертӣ баҳра баред, эълом кардааст дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълом кардааст, ки рӯзи 31-уми декабр дар кадом ноҳияи пойтахт барномаҳои идона баргузор мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ, бахшида ба иди Соли нав санаи 31 декабр дар якчанд майдон ва боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои консертӣ баргузор мешаванд.

Шоми ҳамон рӯз, соати 20:00 дар боғи "Дӯстӣ", майдони "800-солагии Москва", майдони назди Сирки давлатии Тоҷикистон ва майдони назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо иштироки гуруҳҳои ҳунарӣ барномаҳои ҷолиби идонаи консертӣ манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегарданд.

Пештар ВУД Тоҷикистон хабар дода буд, ки рӯзи 31-уми декабр чанде аз кӯчаҳои пойтахт баста мешаванд.

Ҳамин тавр, 31-уми декабри соли ҷорӣ аз соати 16:00 то 24:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ, аз кӯчаи Шоҳтемур то кӯчаи Бухоро, кӯчаи Шероз, аз кӯчаи Шоҳтемур то кӯчаи Ҷ. Икромӣ, кӯчаи Теҳрон, аз кӯчаи Бохтар то кӯчаи Шероз ва кӯчаи Ҷ.Икромӣ, аз кӯчаи Шероз то хиёбони Рудакӣ, манъ карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0