Шумораи аҳолии Замин дар оғози соли 2018 ба 7,5 миллиард нафар хоҳад расид

© Sputnik / Стас ЭтвешКонцерт Манижи в Москве
Концерт Манижи в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар моҳи январи соли оянда дар як сония 4,3 тан кӯдак тавлид хоҳад шуд ва 1,8 тан аз ҷаҳон чашм хоҳад пӯшид

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Дар як паёми маркази сабти аҳолии ИМО, ки рӯзи панҷшанбе мунташир шуд, гуфта мешавад, ки рӯзи якуми январи соли 2018 шумораи аҳолии замин ба 7 444 443 881 тан хоҳад расид.

Ба гуфтаи коршиносон, ин шумора дар муқоиса бо 1-уми январи соли 2017 78,5 миллион тан афзойишро нишон медиҳад.  Яъне шумораи аҳолии ҷаҳон 1,07 дарсад афзойиш меёбад.

Дар моҳи январи соли оянда дар як сония 4,3 тан кӯдак тавлид хоҳад шуд ва 1,8 тан аз ҷаҳон чашм хоҳад пӯшид.

Чанде қабл ин марказ пешбинӣ карда буд, ки дар соли 2050 шумораи мардуми рӯи замин 9 миллиард тан хоҳад буд.

Дар оғози садаи 11-ум дар Замин 310 миллион тан ба сар мебурданд, дар оғози садаи 20-ум  шумораи мардуми ҷаҳон ба 1,6 миллиард тан ва дар соли 1999 ба 6 миллиард тан расид. Соли 2011 шумораи аҳолии сайёра ба 7 миллиард тан расид.

Лентаи хабарҳо
0