Тоҷикистон аз роҳи Афғонистон ба халиҷи Форс мерасад

© Министерство транспорта РТДушанбе и Кабул подписали Меморандум о сотрудничестве ж/д транспорта
Душанбе и Кабул подписали Меморандум о сотрудничестве ж/д транспорта - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Афғонистон барои густариши ҳамкориҳои фанниву иқтисодӣ дар заминаи ҳамлу нақли оҳанроҳӣ ёддошти тафоҳум имзо карданд

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik.  Ин ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ 28 декабр дар Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе имзо шуд, хабар медиҳад равобити умумии ин ниҳод.

"Дар маросими имзои ёддошт намояндагони Вазорати умури хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон", вазири нақлиёти ҶТ ва мудири кулли Идораи роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ширкат карданд", — гуфтанд дар ин вазорат.

Ин Ёддошти тафоҳум барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои фаннӣ ва иқтисодии ду кишвар дар заминаи ҳамлу нақли заминӣ бо роҳҳои оҳан шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон аз роҳи Афғонистон метавонад ба роҳҳои оҳани Эрон ва бандарҳои халиҷи Форс ва халиҷи Умон даст ёбад.

Афғонистон ва Эрон чанде пеш шаҳрҳои Ҳирот ва Хофро бо роҳи оҳан ба ҳам пайваста буданд. Ин оҳанроҳ дарвозае шуд, ки Афғонистонро бо 11 коридори таробарии байналмилалӣ, аз ҷумла бандарҳои дарёӣ пайваст мекунад.   

Лентаи хабарҳо
0