Ба дастури Раҳмон: дар Тоҷикистон чор ниҳоди нав таъсис меёбад

© Пресс-служба президента РТПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон чаҳор ниҳоди нав - Кумитаи амнияти хӯрокии Ҳукумати ҶТ, Ожонси ҳавонавардии кишварии Ҳукумати ҶТ, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" таъсис хоҳанд ёфт

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон чор ниҳоди нав таъсис меёбад. Ин масъаларо имрӯз дар Маҷлиси Ҳукуматӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзоёни Ҳукумат баррасӣ кард.

Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, ниҳодҳои нав Кумитаи амнияти хӯрокии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ожонси ҳавонавардии кишварии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" ҳастанд.

Бино бар иттилои манбаъ, Кумитаи амнияти хӯрокии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмӣ ташкил хоҳад шуд.

Ожонси ҳавонавардии кишварии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт, Раёсати назорат ва танзим дар нақлиёти ҳавоии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва Корхонаи Воҳиди Давлатии Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт бунёд мешавад.

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар заминаи хадамотҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил меёбад.

Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" аз муттаҳид кардани киностудияи "Тоҷикфилм" ва Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино" вобаста ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис хоҳад ёфт.

Раҳбари Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳадаф аз таъсиси ин ниҳодҳо ҳимояи ҳуқуқҳои масрафкунандагон, ҳифзи сиҳатии омма, назорати қатъӣ бар воридоти маҳсулоти хӯрокии пастсифату зиёновар, доруворӣ ва беҳбуди фаъолияти озмоишгоҳҳо аст.

Дар робита ба ин Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки дар сохторҳои нав мутахассисони баландихтисоси ин соҳаҳо ба кор ҷалб карда шаванд.

Ёдоварӣ мекунем, ки имрӯз кишвардори Тоҷикистон Маҷлиси Ҳукуматӣ баргузор карда, дар рафти он чанде аз масоили мубрами рӯз ва нақшаҳои соли ояндаро бо аъзоёни Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ кард. Дар охир кишвардор ба раисони шаҳру навоҳии кишвар  дастур дод, ки корҳои ободониро дар минтақаҳо тезонанд.

Лентаи хабарҳо
0