ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Бар асоси созишномае, ки имрӯз дар Анкара имзо шуд, Туркия аз Русия барои хариди системи падофанди ҳавоии С-400 вом дарёфт хоҳад кард.
Пештар раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфта буд, ки Анкара аз Русия вомро ба рубл дарёфт хоҳад кард то дигар кишварҳо муомила миёни ду кишварро бар ҳам назананд.
Системи падофанди мушакии С-400 "Триумф" барои нобудии ҳадафҳои ҳавоӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷангӣ, шикорӣ, бумбафкан, чархболҳо, мушакҳои замин ба замин ва миёнбурд сохта шудааст.
Дар паи Туркия Баҳрайн ҳам харидори системи падофанди ҳавоии С-400 "Триумф" шуда буд.
Чанде пеш фармондеҳи Посдорони подшоҳии Баҳрайн шайх Носир бини Ҳамад Оли Халифа гуфта буд, ки Баҳрайн ва Русия барои хариду фурӯши сомонаи мушакии замин ба ҳавои С-400 музокира доранд.