Дар Суғд наврасе дастгир шуд, ки беш аз 1 млн рублро аз соҳибкоре дуздидааст

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкНаручники на двери клети
Наручники на двери клети - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дуздии маблағи ҳангуфтеро ошкор кардаанд

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар вилояти Суғд соҳибкори 60-солае ба ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шикоят бурда, ки дузд хонаашро задаву пулашро дуздидааст.

Вай ба кормандони милиса иттилоъ дода, ки дуздҳо аз манзилаш 10 ҳазор сомонӣ, 400 дулори амрикоӣ ва 1 миллиону 705 ҳазор рубли русиро дуздидаанд. 

Ба гузориши равобити умумии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони милиса дар паи баргузории амалиёти ҷустуҷӯӣ навраси 15-солаеро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба иттиҳоми дуздӣ дастгир кардаанд.

Барои бозҷӯии ин қазия парванда оғоз шудааст.

Дар Тоҷикистон даст ба дуздӣ задани якчанд наврас ошкор шуд

Чанде пеш Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дуздии ду донишҷӯдухтар хабар дода буд.

Ба гузориши равобити умумии ВУД ҶТ, яке аз онҳо 18-сола ва донишҷӯи Омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ ва дигаре 19-сола ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд будаанд.

Онҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз хонаи як зани 28-сола дар шаҳраки Меҳробод ҷавоҳироти тиллоияшро дуздидаанд, ки арзиши куллии онҳо 18 800 сомониро ташкил медодааст.

Лентаи хабарҳо
0