ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ин қочоқбар Саидшо Раҳматшо ном доштаву 67-сола будааст, гузориш медиҳад ТоҷикТА ба нақл аз хадамоти матбуотии ВУД Тоҷикистон.
"Кормандони Идораи бозҷӯии ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Саидшо Раҳматшо ном шаҳрванди 67-солаи Афғонистонро дар қаламрави ҷамоати Нулванд дар ноҳияи Дарвоз ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир карданд", — гуфта мешавад дар ин гузориш.
Нерӯҳои интизомӣ аз кӯлбори ин шаҳрванд 54 килуграму 670 грам афюн, 1 килуграм ҳеруин ва 342 грам марихуана ёфта ва ситондаанд.
Барои бозҷӯии ин қазия парванда оғоз шуда аст.
Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш Додгоҳи вилояти Маскав шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Табаровро дар фурӯши маводи мухаддир муҷрим шинохт ва маҳкум ба ҳабс то поёни зиндагӣ дар зиндони шадиднизом кард.
Ҳамчунин 14 шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки ҳамдасти Табаров буданд, низ ҳар кадоме аз 6 то 25 сол аз зиндагияшонро дар зиндон хоҳанд гузаронд. Ин шаҳвандон ҳама дар ташкили гурӯҳи табаҳкори созмонёфта, қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир муҷрим шинохта шуданд.