ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд, иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони шаҳр дар маҷлисгоҳи калони шаҳрдории Исфара баргузор шудааст.
Дар ин иҷлосия раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода аз дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2017 гузориш додааст.
Сипас вакилон будҷаи давлатии шаҳр барои соли 2018-р баррасӣ ва тасвиб карда молиётҳои шаҳриро муқаррар кардаанд.
Вакилони Маҷлиси шаҳрӣ ҳамчунин пас аз баррасиҳо "Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2018 — 2020", нақшаи муфассали тарҳрезии маркази шаҳри Исфара ва қарорҳои раиси шаҳрро тасвиб карданд.
Дар ин иҷлосия ҳамчунин пешниҳодҳои Кумисюни номгузории шаҳрдорӣ баррасӣ шуда ва қарорҳои дахлдор тасвиб шудаанд.
Ин ҷаласаро шаҳрдори Исфара Дилшод Расулзода раёсат карда ва дар он муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода низ ширкат кардааст.