Гумрукҳои Тоҷикистон ва Чин ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд

© Пресс-служба таможни РТТаджикские и китайские таможенники подписали меморандум о сотрудничестве
Таджикские и китайские таможенники подписали меморандум о сотрудничестве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти гумруки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати гумруки Урумчӣ ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи табодули иттилоъот имзо карданд

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ба гузориши маркази матбуотии Хадамоти гумруки Ҳукумати ҶТ, ин ёддошти тафоҳум дар поёни ҷаласаи гурӯҳи кории масоъили гумрукӣ имзо шуд, ки дирӯз дар шаҳри Кошғар дар Чин баргузор шудааст.

"Дар ин ёддошт тақвияти ҳамкориҳои гумрукӣ, фароҳам овардани шароити созгор барои табодули иттилоъот, баргузории амалиёти муштарак дар мубориза бо қочоқи силоҳу ҷангафзорҳо, маводи мухаддир, ҷонварон ва рустаниҳои камшумору камёб пешбинӣ шудааст", — гуфта мешавад дар ин гузориш.

Коргурӯҳи Хадамоти гумруки Ҳукумати ҶТ дар раванди ин сафари корӣ ба Ҷумҳурии Халқи Чин ҳамчунин аз минтақаи озоди иқтисодии Кошғар ва посгоҳи гумрукии "Қаросу" дар марз бо Тоҷикистон боздид кардааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш дар гузаргоҳи марзии "Қизил-Арт" дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Мурғоб сохтмони идории нав ба баҳрабардорӣ расида буд, ки бо пуштибонии молии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон сохта шуда аст.

Калиди онро  Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт ба сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб тақдим кард.

Лентаи хабарҳо
0