Духтар-калкулятор Манижа дар Африқо ҳам пирӯз шуд

© Фото : Facebook / Академия Ментальной Арифметики "Империя Знаний"Девочка-калькулятор Манижа Тошболтаева заняла третье место на олимпиаде в ЮАР
Девочка-калькулятор Манижа Тошболтаева заняла третье место на олимпиаде в ЮАР - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хонандаи синфи нуҳуми мактаби русӣ-тоҷикии Душанбе Манижа Тошболтаева бори дигар дониши худро дар олимпиадае дар Африқои Ҷанубӣ нишон дод

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар Африқои Ҷанубӣ олимпиадаи арифметикаи зеҳнӣ баргузор шуд, ки дар он хонандаи тоҷик Манижа Тошболтаева ҷойи севвумро гирифт. Дар ин бора ба ба Sputnik Тоҷикистон мудири маркази омӯзишии Абакус Вероника Каробкина хабар дод. Манижа дар ин озмун бо нишон додани дониши амиқи арифметикаи зеҳнӣ ҷойи севвумро гирифтааст.

Коробкина афзуд, ки акнун Манижаро ба барномаи телевизионии "Сверхспособности" даъват карданд.

Шаби 31-уми декабр ба 1-уми январ дар телевизиони "Наука" намоиши аввали барномаи "Сверхспособности" баргузор мешавад.

Манижа дар мактаби назди Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон таҳсил мекунад. Ӯ 15 сол дорад.

Муддати як сол аст, ки Манижа дар Академияи ҳисоби зеҳнии "Империя знаний" дар пойтахти Тоҷикистон ба машғулият фаро гирифта шудааст. Ин ҷо кӯдакони аз 5 то 17-сола таҳсили илм мекунанд.

 Манижа Тошболтаева пас аз ширкаташ дар як барномаи тенлевизиони "Россия-1" шӯҳратманд шуд.Вай дар барномаи телевизионии "Одамони ғайриоддӣ" ширкат карда, қобилияти хоси худро нишон дод. Ин донишомӯз бо чашмонаш суръати худрави дар ҳаракатбударо аниқ гуфта тамошобинонро дар ҳайрат гузошта буд.

Лентаи хабарҳо
0