ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Тибқи иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои софу беғубор пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 29 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 9-14 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво офтобӣ гашта, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво софу беғубор шуда, дар ағбаҳо фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5 дараҷа сард ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе низ ҳавои офтобӣ пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.