Ҷашнвораи "Суруди сол - 2017" фардо дар Душанбе баргузор мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевФинальный матч Кубка АФК-2017 между клубами "Истиклол" - Таджикистан и "Эйр Форс" - Ирак
Финальный матч Кубка АФК-2017 между клубами Истиклол - Таджикистан и Эйр Форс - Ирак - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷашнвораи саросарии "Суруди сол - 2017" бо ибтикори Кумитаи телевизион ва радиои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Фардо, 29-уми декабр дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи саросарии "Суруди сол — 2017" баргузор мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, "Суруди сол — 2017" дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев соати 18:00 баргузор мешавад.

"Дар ҷашнвораи мазкур санъаткорони варзида ва шинохтаи ҷумҳурӣ бозёфтҳои нави эҷодии худро дар соли 2017 манзури ҳаводорони суруду мусиқӣ мегардонанд", — омадааст дар иттилои манбаъ.

Ҷашнвораи саросарии "Суруди сол — 2017" бо ибтикори Кумитаи телевизиону радиои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Аммо ҳануз феҳристи ҳунармандоне, ки дар ин ҷашнвора ширкат мекунанд, эълом нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0