Бино бар додаҳои пулис, инфиҷор дар фурӯшгоҳи хӯроквории "Перекресток" дар хиёбони Кондратевский, 44 рух додааст.
Ҷузъиёти ин ҳодиса ҳануз ошкор нашудаанд.
Дар натиҷаи инфиҷор 9 тан захмӣ шуда, ки 4 касашон дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Ҳангоми инфиҷор дар ин фурӯшгоҳ камобеш 50 муштарӣ харид мекардаанд. Онҳоро бедиранг аз маҳалли ҳодиса берун бароварда шудаанд. Сохтмони фурӯшгоҳ хароб нашудааст ва сӯхтор ҳам рух надодааст.