Либоси гарму ҷоизаи пулӣ: ҳадяҳои Қодирӣ ба омӯзгорону кӯдакони бенаво

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookАбдурахмон Кодири. Архивное фото
Абдурахмон Кодири. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар остонаи Соли нави бошандагони як қатор муассисаҳои иҷтимоиро аёдат кардаву ба онҳо ҳадяҳои идона ва либосҳои зимистона тақдим кардаааст

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти суғд хабар медиҳад.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба 227 нафар бошандагони Мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд, 275 нафар дастпарварони Мактаб-интернати кӯдакони ношунаво ва камшунаво ба номи Тӯхтабой Ғаффорови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 120 нафар бошандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон туҳфаҳои солинавӣ ва либосҳои гарми зимистона тақдим кардааст.

"Ба муррабиёни муассисаҳои зикршуда низ аз ҷониби Раиси вилоят ҷоизаҳои пулӣ супорида шуд", —омадааст дар хабарнома.

Дед Мороз со Снегурочкой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барномаҳои солинавӣ барои пиронсолону маъюбон дар Суғд

Ҳамзамон бо ҳузури Раиси вилоят чорабиниҳои солинавӣ баргузор шуда, барои бошандагон дастурхони идона ороста шудааст.

Абдураҳмон Қодирӣ зимни боздидҳо бошандагони муассисаҳои иҷтимоиро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфта, изҳор дошт, ки қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша таҳти ғамхории ҳукумати Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Пештар хабар дода шуд, ки ҳукумати Суғд бо дастгирии сарпарастон рӯзҳои 27 ва 28 декабр бахшида ба Соли нави мелодӣ дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии ҳудуди вилоят чорабиниҳои идонабаргузор мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0