ДУШАНБЕ, 28 дек- Sputnik. Дар ин бора расонаҳои тоҷикӣ хабар медиҳанд.
"Дар шаҳри Хуҷанд дар паи сӯхтор дар манзили раисҷумҳури пешини Тоҷикистон Раҳмон Набиев, ҳамсари 78-солаи ӯ Майрам Набиева даргузашт", — омадааст дар хабарнома.
Ин ҳодиса пас аз нисфирӯзии 28 декабр рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ҳамсари Набиев дар хона танҳо будааст.
Таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ шудааст.
Манбаъ афзуда, ки яке аз наздикони хонаводаи Набиевҳо гуфтааст, ки ду фарзанди Набиев — Рустам ва Мунаввара қарор аст имшаб ба Хуҷанд барои хоксупории модарашон бираванд.