Тоҷикистон беш аз 500 км роҳи нав месозад

© Foto / Хадамоти матбуоти мақомоти ВМКБВосстановление дороги после оползня в Дарвазе, архивное фото
Восстановление дороги после оползня в Дарвазе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳор тарҳи роҳсозиро имконсанҷӣ ва тарроҳӣ дорад

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Дар чорчӯби иҷрои ин чаҳор тарҳ қарор аст беш аз 500 килуметр роҳ дар кишвар бозсозӣ ва навсозӣ шавад.

"Ин тарҳҳо бозсозии роҳҳои Обигарм — Нуробод (86  км), Қалъаи Хумб — Ванҷ (93 км), Хуҷанд — Конибодом — Исфара (130 км) ва Қурғонтеппа — Данғара — Кӯлобро (155 км) дар назар доранд", — гузориш медиҳад хабаргузории ТоҷикТА ба нақл аз Вазорати таробарии Тоҷикистон.

Ҳамчунин қарор аст, ки 2 ҳазор килуметр роҳ дар Тоҷикистон бозсозӣ ва бо меъёрҳои роҳсозии ҷаҳонӣ созгор карда шавад. Барои таъмини молии ин тарҳҳои роҳсозӣ давлати Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалии молӣ, аз ҷумла бунёдҳои сармоягузории арабӣ гуфтушунид дорад.

Яке аз сармоягузорони аслии тарҳҳои роҳсозии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷопон аст, ки бо миёнҷигарии сафорати худ дар Душанбе ва Бунгоҳи тавсеъаи ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) барои тарҳҳои бозсозии роҳҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон грант медиҳад ва барои коршиносони роҳсозӣ ва роҳдорӣ, пулсозӣ ва ҳавонавардӣ давраҳои омӯзишӣ баргузор мекунад. 

Чунончи, Тоҷикистон бо грантҳои Ҳукумати Ҷопон ба маблағи умумии 89,5 милюн дулори амрикоӣ панҷ тарҳи бозсозии роҳҳои Дӯстӣ — Панҷи Поён ва Қӯрғонтеппа — Дӯстиро амалӣ карда ва корафзори роҳсозӣ ва роҳдорӣ барои минтақаи Қӯрғонтеппа ва Ҳисор харид кардааст.

Лентаи хабарҳо
0