ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Хешовандони духтари 12-солаи тоҷик, ки вайро таҳти шиканҷа қарор медоданд, ҳоло дар ҳабси пешакӣ буда, ба додгоҳ кашида мешаванд. Дар ин бора кумитаи тафтишотии Русия хабар додааст.
"Тафтишоти парвандаи ҷиноӣ ба далели лату кӯб ва шиканҷаи як духтараки 12-солаи тоҷикистонӣ ба анҷом расид,- омадааст дар хабари манбаъ.
Пештар хабар дода шуд, ки як сокини шаҳри Сургут ба маъмурияти Ҳукумати шаҳр шикоят кардааст, ки аз ҳамсоягонаш шубҳа мекунад.
Кормандони полис ва намояндагони Кумитаи қаймунияти шаҳр ҳангоми омадан ба манзили мазкур духтари 12-солаеро дар ҳоли хароб пайдо карданд.
Онҳо духтаракро бо нишонаи шикасти қабурға, майибҳои гуногун ва доғи латма ба бемористон бистарӣ карданд.
Маълум гардид, ки ин духтаракро хешовандонаш ду сол қабл аз Тоҷикистон оварда будаанд. Аммо ӯ на ба мактаб мерафтааст ва на ба кӯча мебаромадааст. Ҳатто ҳамсоягон ҳам ӯро надида будаанд.
Бино бар иттили муфаттишон, зану шавҳар, ки худ се фарзанд доштанд, муддати тӯлонӣ духтаракро лату кӯб ва шиканҷа мекардаад. Ташхиси пизишкӣ ҳам муайян кардааст, ки духтар лату кӯб шудааст.
Хешовандон дар қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ва шиканҷа муттаҳам мешаванд.
Кумаитаи тафтишотӣ ҳамчунин муайян кардааст, ки модари духтарак дар Тоҷикистон аст ва муфаттишон аз мақомотҳои дахлдори кишвар дархост кардаанд, ки ӯ бозпурсӣ шавад.