ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандони ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилоъи Агентии обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ аз 28 то 29-уми декабри соли равон роҳҳи куҳии мамлакатро хатари лағзиши тарма таҳдид мекунад.
Ҳамчунин имкон дорад бар асари сардиҳо роҳҳо ях банданд ва дар баъзе манотиқи куҳӣ тумани ғафс роҳҳоро печонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз рафтуомадҳои бе зарурат дар роҳҳои куҳӣ худдорӣ намоянд.
Омадани тарма ҳаракати ҷаҳонгардон дар роҳҳои куҳӣ ва лижаронии варзишгарон дар ин роҳҳоро ба мушкили бештар рӯ ба рӯ хоҳад кард.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сайёҳон ва сокинони кишвар хоҳиш мекунад хеле бо таваҷҷуҳ ва эҳтиёткор бошад!