ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба таври расмӣ пули роҳи оҳан, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозиро, ки чаҳор ноҳияи пойтахтро ба ҳам мепайвандад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати пойтахт.
Гуфта мешавад, иншооти мазкур соли 1929 бунёд шуда, бори охирон соли 1978 таъмир гардидааст. Вале бо гузашти солҳои тӯлонӣ пул ва иншооти дигари ёрирасон фарсуда шуда, ба таъмир ниёз пайдо карданд.
Манбаъ меафзояд, бо дастури раиси шаҳри Душанбе аз оғози соли равон корҳои азнавсозии пули мазкур сар шуда, ҳоло ба анҷом расидааст.
"Дар баробари таъмиру тармими хати роҳи оҳан, болои пул бо панҷараҳои мунақкаши оҳанӣ зинат дода шуда, аломатҳои ороишии онро воситаҳои сершумори равшанидиҳанда, ки ранги онҳо ба таври худкор иваз мегардад, зинати иловагӣ мебахшанд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ҳамчунин атрофи пул пурра азнавсозӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар чаҳор ҷониби он зинаву роҳравҳо бозсозӣ шуда, майдони 500 метри мураббаъ бо сафолакҳои бетонӣ рупӯш гардидааст. Қисмати поёни он бошад, бо масолеҳи ороишӣ рупӯш, асосҳо ва сутуни такягоҳи пул низ бо санги хоро зиннат дода шудаанд, ки масоҳати умумии он 450 метри мураббаъро дар бар мегирад. Корҳои ороишӣ дар қисмати поёни пул низ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ороишии муосир бо сифати баланд анҷом дода шудааст.
Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати тавсеаи корҳои созандагӣ дар чаҳор қисмати пул тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд ва бо дарназардошти корҳои ободонӣ ва ҳифзи муҳити зист маъракаи ниҳолшинонӣ, гулзоркунӣ ва кабудизоркуниро вусъат бахшида, ҷиҳати тозаю зебо нигоҳ доштани гулгаштҳо ва кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Душанбе чораҳои саривақтӣ андешанд ва камбудиву норасоиҳо мавҷударо сари вақт бартараф намоянд.