ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои офтобӣ пешбинӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 5 дараҷа сард мешавад.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 28 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 13-18 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво офтобӣ гашта, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 10-15 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3-2 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои офтобӣ пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.