ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Ожони зидди фасод хабар медиҳад.
Ду афсари милитсия, кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби кормандони Ожонси зидди фасод ба гумони ришваситонӣ боздошт шуданд.
Манбаъ мегӯяд, ки Қамариддин Орифзода ва нозири минтақавии маҳаллаи 4-уми шаҳри Турсунзода капитани милитсия Акбар Ҷонбобоев аз шаҳрванд "А" ба ивази аз боздоштгоҳ озод кардани бародараш 8 ҳазор сомонӣ пора талаб кардаанд.
"Баъди гирифтани 4 ҳазор сомонӣ аз маблағи талабнамудаашон, бародари шаҳрванд "А"-ро аз боздоштгоҳи муваққатии нигаҳдории шуъба озод карда, боз 2 ҳазор сомонии дигарро талаб намуданд", — омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, кормандони Ожонс Орифзодаро пас аз гирифтани пора аз шаҳрванди "А" ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ дастгир кардаанд.
Манбаъ меафзояд, ки нисбати Қамариддин Орифзода ва Акбар Ҷонбобоев бо моддаи 319 қисми 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ (гирифтани пора) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.