ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Ба гузориши пойгоҳи хабарии "Парстудэй", Ҷастин Трюдо дар ин паём таъкид кард, мусалмонони ин кишвар сармояи бузурге барои Канада ҳастанд ва Канада хушбахт аст, ки як ҷомеаи исломии фаъол дорад.
Ба гуфтаи нахуствазири Канада, дар тӯли ин солҳо мусалмонони ин кишвар бо пешрафти зиёд, нақши муҳиме дар ҷомеаи канадаӣ доштаанд ва дар айни ҳол иртибототи суннатии худро бо мероси фарҳангии ғании худ ҳифз кардаанд.
Шонздаҳумин давраи ҳамоиши солонаи "Эҳёи рӯҳи Ислом" дар маркази ҳамоишҳои шаҳри Торонтои Канада баргузор шуд.
Бо вуҷуди иқдомоти мусбати фарҳангии мусалмонон, дар шаҳрҳои мухталифи Канада додгоҳҳо ва ниҳоди қазоии ин кишвар тайи моҳҳои ахир маҳдудиятҳои густурдаеро барои пӯшиши занони мусалмон, аз ҷумла дар маҳалли кор ба иҷро гузоштаанд.