ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Сирки Узбакистон дар Душанбе намоиш иҷро мекунад, хабар медиҳад ТоҷикТА.
Бино бар иттилои манбаъ, Намоиши нахустини ҳунарпешаҳои Сирки Тошканд санаи 31 декабр, соати 14:00 дар толори Сирки давлатии Душанбе баргузор мешавад.
"Сокинони Душанбе метавонанд аз ҳунарнамоии ширинкорону ҳайвонҳои гуногун аз қабили маймуну саг ва аспҳо баҳравар шаванд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Меҳмонон танҳо дар пойтахти Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Сафари ҳунарии сирки Узбакистон муддати як моҳ ба нақша гирифта шуда, арзиши билет аз 30 то 80 сомонӣ мебошад. Барои кӯдакони синни то 3-сола тамошои барнома бепул аст.
Сафари ҳунарии сирки Тошканд дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Узбакистон сурат мегирад.
Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба телефони 937441111 муроҷиат намоед.