Дар як лаҳза тамоми кӯдаконе, ки дар атрофи майдони Сурх буданд, дар гирди раисҷумҳур ҷамъ омдаанд. Онҳо, ки умедвор набуданд дар ин ҷо бо шахси аввали Русия рӯ ба рӯ мешаванд, Путинро саволборон карданд. Касе мепурсид, ки оё орзуҳои солинавии Путин амалӣ шудаанд. Касе мегуфт, ба мардуми Русия Путин чӣ орзу мекунад.
Ҳатто рӯзнаманигору сиёсатмадорони оянда ҳам пайдо шуданд ва аз Путин дар бораи мухолифин пурсон шуданд, ки ӯ нисбати онҳо чӣ назар дорад. Раисҷумҳур бошад, посух дод, ки назари мусбат дорад.