ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Писарамаки овозхони машҳури амрикоӣ Риҳанна пас аз чанд соате, ки онҳо якҷоя Милодро ҷашн гирифтанд, кушта шуд. Дар ин бора худи Риҳанна дар саҳифаи Инстаграм хабар додааст.
"Худо раҳматат кунад, додарам… Боварам намеояд, ки ман шаби гузашта туро ба оғӯш мегирифтам. Ҳеҷ вақт бовар намекардам, ки он бори охир буд, ки ман гармии бадани туро эҳсос мекардам. Ман туро то охирин дам дӯст хоҳам дошт!",- навиштааст вай.
Тавре расонаҳои Амрико хабар додаанд, додари кушташудаи Риҳанна Тэйвен Кейсен Аллейн ном дошааст ва 21 сола будааст.
Бино бар иттилои пешакӣ, Аллейн вақте ки дар наздикии хонаашон будааст, шахси номаълуме ба вай чанд маротиба тир кушодааст. Хешовандони Риҳанна вайро ба бемористон бурданд, аммо ӯ аз ҷароҳати бардоштааш ҷон додааст. Тафтишот идома дорад.
Ёдрас мешавем, пештар Риҳанна раисиҷумҳури Амрико Доналд Трампро "хуки бадахлоқ" гуфта буд.
"Чӣ нафратоварест. Хабарҳои даҳшатовар! Амрикоро дар пеши чашмони мо нобуд мекунанд. Ин корро танҳо метавонад хуки беадаб кунад! (дар охир Риҳанна вожаи дашномиеро дар шакли кӯтоҳ меорад)",- навиштааст вай дар Твиттер.
Ин изҳороташро овозхони машҳур пас аз сангин шудани қавонини муҳоҷирати дар Амрико гуфтааст. Пештар Трамп ба Амрико ворид шудани шаҳрвандони 7 кишвари мусалмониро мамнуъ карда буд. Ҳамчунин ӯ дастур дод, ки байни Мексика ва Амрико дар сарҳад девор карда шавад.