ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба бошандагони камбизоати шаҳри Турсунзода кумаки моддӣ расонд. Дар ин бора сухангӯи ин ниҳод Кирилл Хандогин хабар додааст.
"Кормандони сафорат ба сокинони маҳаллӣ наздики як тонна кӯмаки моддӣ иборат аз орд, равғани растанӣ, консервҳои гӯшт ва туҳфаҳои солинавӣ бурданд", — тавзеҳ додааст вай.
Ёрии мазкур аз ҷониби ширкатҳои русии "Газпромнефт-Тоҷикистон", "Мегафон-Тоҷикистон", "НБО Сангтӯда-1" ва Маркази содиротии Русия сармоягузорӣ шудааст.
Дар рафти сафар ҳайъати Русия бо раиси шаҳри Турсунзода мулоқот карда, мосоили ҳамкориҳои сафоратро бо ҳукумати шаҳр дар соҳаи маориф ва фарҳанг баррасӣ карданд, ҳамчунин баргузории муштараки Ҷашни Пирӯзиро ба нақша гирифтанд.
Пас он дар Ҳукумати шаҳр маросими супоридани кӯмаки моддӣ ва тӯҳфаҳои солинавӣ ба сокинон ва рустаборони шаҳр баргузор шуд.