Нашри рӯйхати донишҷӯёни мошинсавор дар ВКД

© PixabayВодитель за рулем автомобиля, архивное фото
Водитель за рулем автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қонуни танзими ҷашну маросим бо худрави хусусӣ ба донишгоҳу мактаб рафтани донишҷӯёну донишомӯзонро манъ кардааст

ДУШАНБЕ, 26 дек— Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ду донишҷӯеро ошкор карда, ки бо худрави хусусӣ ба донишгоҳ ҳозир шуданд.

Бар асоси Қонуни танзими ҷашну маросим, ин донишҷӯён аз донишгоҳҳо ихроҷ карда хоҳанд шуд.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии ВҚД ҶТ, Зарафшон Шарипов донишҷӯи соли дувуми Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ва Тоҷибой Шерматов донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи кӯҳӣ металургии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, муттаҳам ба қонуншиканӣ шудаанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки бар асоси ислоҳоте, ки чанде пеш дар Қонуни танзими ҷашну маросим ворид карда шудаанд, рафту омади донишомӯзону донишҷӯён ба мактабу донишгоҳҳо бо худрави хусусӣ қатъан мамнуъ аст.

Барои чунин қонуншиканӣ донишҷӯён аз донишгоҳҳо барои се сол ва донишомӯзони омӯзишгоҳу ҳунаристонҳо ва мактабҳо барои як сол аз муассисаҳои омӯзишӣ ихроҷ карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0