ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Вазъ дар Афғонистон пас аз коҳиш ёфтани теъдоди низомиёни Амрико дар он кишвар бадтар шудааст, гуфт раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти Маҷлиси Шурои федеролӣ.
"Дар бораи таҳдидҳои теруристӣ аз сӯи Афғонистон … бояд гуфт, ки вазъ дар он кишвар воқеъан бадтар шуда ва нигаронкунанда аст. Лекин агар нерӯҳои низомии Амрико дар Афғонистон намебуданд, вазъ шояд бадтар аз ин ҳам мешуд. Ҳарчанд равобити мо бо ИМА печида аст, вале мо бояд дар ин масъала воқеъбин бошем. Воқеъият чунин аст. Ҳарчанд дар саросари марзи Афғонистон бо Тоҷикистону Узбакистон амалан "Толибон" мустақар шуда ва мо бояд ин воқеъиятро дар назар дошта бошем", — афзуд раисҷумҳур.
Раисҷумҳури Русия ҳамчунин гуфт, ки имрӯз бо раисҷумҳури Туркманистон телефонӣ гуфтугӯ карда ва ӯ аз тарҳи кашидани лӯлаи гоз аз Туркманистон ба Афғонистон ва Покистону Ҳинд (хатти лӯлаи ТАПИ) ёдоварӣ кардааст.
"Моро даъват мекунанд, ки дар ин тарҳ шарик шавем", — афзуд Путин.
Пештар сардори Ситоди кулли артиши Афғонистон Шариф Яфталӣ гуфта буд, ҳоло дар кишвар ду ҳазор ҷангҷӯи ДОИШ (мамнуъ дар Тоҷикистон) мавҷуданд.
Ҳафтаи гузашта намояндаи махсуси раисҷумҳури Русия, роҳбари Дафтари дувуми Осиёи ВУХ Русия Замир Кобулов омореро овард, ки дар он шумораи ҷангиён дар Афғонистон аз 10 ҳазор зиёд нишод дода мешавад, ки он аз кишварҳои Сурияву Ироқ боз афзоиш меёбад.